(ABNA24.com) Дар ин иқдоми намодин ва ҳамоҳанг бо соири банодири Эрон садои умед аз ҳама киштиҳои ҳозир дар банодир ва лангаргоҳои Ҳурмузгони ҷануби Эрон имрӯз 14 апрел шунида шуд.
Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки неруҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантина) ва дармони афроди мубтало бо вируси карона бо ҳамроҳии ҳама ақшори мардуми Эрон ба суръат дар ҳоли анҷом аст.
Бар асоси эъломи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то кунун аз маҷмӯи 73 ҳазору 303 нафаре, ки дар Эрон ба вируси карона мубтало шудаанд, ҳудуди 46 ҳазор нафар аз онҳо беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд ва 4 ҳазору 585 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.
342/